Дуввумин номаи Зариф ба Гутерриш,таъкид бар зарурати поёни якҷонибагароии Амрико
(last modified Sat, 09 May 2020 11:22:48 GMT )
Май 09, 2020 16:22 Asia/Dushanbe
  • Дуввумин номаи Зариф ба Гутерриш,таъкид бар зарурати поёни якҷонибагароии Амрико

Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа 8 май дар дуввумин солгарди хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, дар бораи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ва паёмадҳои поймолсозиҳои фоҳиш ва ошкоро, мукаррар ва мустамари Маншури Миллали Муттаҳид , ба Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллал нома навишт.

Вазири умури хориҷаи Эрон 12 марти гузашта низ дар номае мушобеҳ ба Гутерриш, бар зарурати рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон барои муқобила бо корона таъкид карда буд.

БАРҶОМ на аввалин ва на охирин дастоварди чандҷонибагароие аст, ки Трамп аз он хориҷ шуд.

Тақрибан паймоне боқӣ намонда, ки Трамп аз он хориҷ нашуда бошад. Хуруҷ аз Паймони обуҳавоии Париж, Паймони Атлантики Шимолӣ, Паймони тиҷории уқиёнуси Ором, қарордоди тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ, ЮНЕСКО, Шурои ҳуқуқи башар ва хуруҷ аз БАРҶОМ аз тасмимоти якҷонибае ҳастанд, ки аз сӯи давлати Амрико гирифта шуд.

Ин иқдомоти ҳанҷоршиканонаи Амрико, ба эътирофи таҳлилгарон ҳадафе ҷуз боҷгирӣ ва таҳмили зӯргӯӣ ба ҷомеаи байналмиллалӣ надорад.

Монии Меҳробӣ- таҳлилгари аршади масоили байналмиллал ва узви ҳайати илмии Донишкадаи равобити байналмиллали Эрон дар хусуси ин иқдоми Трамп мегуяд:  Аз даҳаи чиҳили қарни гузашта то ҳам акнун, сиёсати хориҷии Вашингтон бар асоси асли қудрат устувор аст ва бар ин асос Кохи Сафед равобити худро дар чорчуби имтиёзгирӣ аз дигар кишварҳо бино кардааст.

Трамп акнун дар дуввумин солгарди хуруҷаш аз БАРҶОМ ба думболи тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон аст, ки мутобиқи мафоди БАРҶОМ дар моҳи октябр поён меёбад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, қатъан ба ҳар иқдоми Амрико, ки бар хилофи амният ва худ ва минтақа бошад вокуниш нишон хоҳад дод ва дар баробари фишорҳои Амрико истодагӣ хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси ҷумҳури Эрон дар вокуниш ба талоши Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эрон таъкид кард: Агар таҳрими таслиҳотии Эрон баргардад, мо ҳам ҳамон посухе, ки дар сатри охир ба сарони 1+4 навиштамро иҷро мекунем, ки оқибатҳои баде барои онҳо дорад. Эрон ба ҳеҷ унвон сарпечӣ аз Қатъномаи 2231-ро намепазирад. Мо чи силоҳ бихарем ва чи силоҳ бифурӯшем, дар ростои сулҳ аст ва бензини рӯй оташ нест.

Трамп акнун бо ифтизоҳи коронаии ба вуҷуд омада дар Амрико, худро ниёзманди сенарияи тозае аз ҷинси шикаст ё таслими Эрон мебинад, дар ҳоле ки танҳо роҳи бозгашти Амрико ба масири дуруст ва мантиқӣ эҳтиром гузоштан ба чандҷонибагароӣ аст.

Акнун ҳатто мардум ва ҷомеаи Амрико низ мутобиқи назарсанҷиҳои ба амал омада, аз иқдоми Доналд Трамп дар хурӯҷ аз БАРҶОМ ҳимоят намекунанд.

Чандҷонибагароӣ беш аз ҳар замони дигаре ба як зарурат дар ҷомеаи байналмиллалӣ табдил шуда ва ба унвони як воқеият дар саҳнаи байналмиллалӣ зуҳур ва намуд пайдо кардааст.

Аз ин ру аст, ки намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмонм Миллали Муттаҳид низ бар лузуми тақвияти чандҷонибагароӣ таъкид кард ва гуфт: Амрико бо поймолсозии Қатъномаи 2231 Шурои амнияти ин созмон ва таҳдиди дигар кишварҳо, ҳуқуқи байналмиллалиро ба сухра гирифтааст.

Маҷиди Тахтиравончи, рӯзи ҷумъа дар нишасти маҷозӣ ва ғайри расмии Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, ки ба муносибати ҳафтоду панҷумин солгарди поёни Ҷанги ҷаҳонии дуввум баргузор шуд, бо баёни ин ки чандҷонибагароӣ бо чолишҳои мутааддиде мувоҷеҳ шудааст таъкид кард, ҷаҳон бояд талош кунад ҳокимияти қонуни ҷойгузини сиёсати қудрат ва ҳамкорӣ, ҷойгузини тақобул гардад.