Охирин хабарҳо аз вируси корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53586-Охирин_хабарҳо_аз_вируси_корона_дар_Эрон
То зуҳри рӯзи 12 май дар Эрон 6 ҳазору 733 нафар бар асари мубтало шудан ба бемории КОВИД-19 ҷон бохтаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 12, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Охирин хабарҳо аз вируси корона дар Эрон

То зуҳри рӯзи 12 май дар Эрон 6 ҳазору 733 нафар бар асари мубтало шудан ба бемории КОВИД-19 ҷон бохтаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, зуҳри рӯзи сешанбе гуфт: дар 24 соати гузашта, ҳазору 481 бемори ҷадиди КОВИД-19  дар Эрон шиносоӣ шудаанд.

Вай афзуд: токунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 110 ҳазору 767 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд. 
 
 Ҷаҳонпур ҳамчунин аз фавти 48 нафар дар 24 соати гузашта хабар дод ва гуфт: мавориди фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба шаш ҳазору 733 нафар расидааст. 
 
Раиси маркази равобити умумии Вазорати беҳдошти Эрон бо баёни инки токунун 88 ҳазору 357 нафар аз мубталоён ба КОВӢД- 19 дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд афзуд: Ҷумҳурии исломӣ дар феҳристи панҷ кишвари бештарин беҳбуд ёфтагон дар ҷаҳон аст. 
 
 Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз чаҳор миллиону 272 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 287 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуд як миллиону 535 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. 
 
 Америка бар асоси оморҳо, дар рутбаи нахусти мубталоён ба бемории КОВИД-19 дар ҷаҳон аст.