Рӯҳонӣ: Бадтарин ва шаруртарин ҳукумат дар Амрико бар сари кор аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки бадтарин ва шаруртарин ҳукумат дар Амрико бар сари кор аст, гуфт: Давлати Амрико ҳамеша террорист буда вале то ин ҳад бесобиқа аст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба иқдомоти террористии Амрико дар чанд соли ахир ёдовар шуд: Амрико ҳамеша алайҳи миллатҳои мустақил ва мазлум иқдом карда, аммо дар шароити шуйюи вируси ҳамагири корона ҳам барои хариди дору монеаҳоеро эҷод мекунад.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон дар ду соли гузашта, баробари бадтарин ҳукумати Амрико қарор гирифтааст, хотирнишон кард: Дар тӯли таърих, ҳеҷгоҳ Амрико то ин ҳад зидди башар, бераҳм ва нотавон набудааст ва ҳатто вазири умури хориҷаи ин режим, аз алифбои сиёсат сарфаҳм намеравад.
Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо ишора ба кумакҳои мардумӣ ва исори кадри пизишкӣ дар кишвар таъкид кард: Тамоми кумакҳои маишатӣ, инфоқи миллат ва хадамоти пизишкон ва ҳамшираҳои шафқати эронӣ реша дар фарҳанги динӣ ва исломӣ дорад.
Рӯҳони бо баёни ин ки фидокорӣ ва талоши пизишкон ва ҳамшираҳои шафқат ва кадри дармонии Эрон беназир аст, тасреҳ кард: Маншаи ин фарҳанг Қуръони маҷид, зиндагии паёмбари ислом ва амиралмуъмнин (а) ва аҳли байти исмат ва таҳорат алайҳимуссалом ҳастанд.