Коҳиши мавориди фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон
Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз раванди рӯ ба коҳиши мавориди фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон хабар дод.
Киёнӯши Ҷаҳонпур рӯзи ҷумъа ҳамчунин дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 102 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.
Вай афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 116 ҳазору 635 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд.
Раиси маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт, то кунун 91 ҳазору 836 нафар аз мубталоён ба “Ковид -19” дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 48 нафар дар 24 соати гузашта низ гуфт, теъдоди мавориди фавти ношӣ аз бемории “Ковид -19” дар Эрон ба шаш ҳазору 902 нафар расидааст.
Вай ибрози умедворӣ кард, бо риояти масоили беҳдоштӣ, раванди коҳиши мавориди фавт бар асари корона дар Эрон идома ёбад.