Табодули назари онлайнии шаҳрдорони Теҳрон ва Кобул барои муқобила бо корона  
(last modified Fri, 15 May 2020 14:13:54 GMT )
Май 15, 2020 19:13 Asia/Dushanbe
  • Табодули назари онлайнии шаҳрдорони Теҳрон ва Кобул барои муқобила бо корона  

Шаҳрдорони Теҳрон ва Кобул дар гуфтугӯи тасвирии онлайн бар зарурати интиқоли таҷрибаҳои ду пойтахт дар заминаи муқобила бо вируси корона таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Пирӯзи Ҳиночӣ, шаҳрдори Теҳрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи маҷозӣ бо Муҳаммаддовуд Султонзей, шаҳрдори Кобул, иртибототи наздик ва забону фарҳанги муштарак байни Эрону Афғонистонро дар равобити Теҳрон ва Кобул бисёр муассир донист.

Ҳиночӣ афзуд, ҳамкорони афғони бисёре дар шаҳрдории Теҳрон машғули фаъолият ҳастанд, ки дар дидорҳои расмӣ ҳамвора аз заҳамоти онҳо ташаккур шудааст.

Шаҳрдори Теҳрон гуфт, вируси корона нишон дод, ки аз марзҳои қарордодӣ ва сиёсии кишварҳо пайравӣ намекунад ва ҳамаи мардуми саросари ҷаҳон мусофирони як киштӣ ҳастанд.

Ҳиночӣ ҳамчунин пешопеш иди саиди Фитрро ба шаҳрдори Кобул табрик гуфт ва аз ӯ хост, саломи шаҳрдори Теҳронро ба кобулиҳо бирасонад.

Муҳаммаддовуд Султонзей, шаҳрдори Кобул низ дар ин гуфтугӯи маҷозӣ гуфт, мардуми Афғонистон аз Теҳрон хотироти бисёр ширину неке доранд.

Шаҳрдори Кобул аз тамоми шаҳрдорони ҷаҳон хост, нигоҳи инсонии худро бо Афғонистон ба иштирок бигузоранд.

Вай афзуд, Теҳрон дастовардҳое дорад, ки шаҳрдории Кобул хоҳони истифода аз таҷрибаҳои арзандаи он аст.

Муҳаммаддовуд Султонзей, шаҳрдори Кобул аз ҳамтои теҳронии худ хост то баъд аз поёни буҳрони корона ба Кобул сафар кунад.

 

 

 

Барчасп