Ҳазфи нармафзори корбурдии эронии Mask аз Google Play ба иллати таҳримҳои зиддибашарии Ғарб
(last modified 2020-05-16T08:44:23+00:00 )
Май 16, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи нармафзори корбурдии эронии Mask аз Google Play ба иллати таҳримҳои зиддибашарии Ғарб

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, аз ҳазфи нармафзори Mask аз Google Play, ба далели таҳримҳои зиддибашарӣ хабар дод.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи ҷумъа дар Твиттер навишт: Нармафзори Mask ба иллати таҳримҳои зиддибашарии Ғарби ваҳшӣ аз Gogle Play ҳазф шудааст.

Нармафзори Mask нармафзоре аст, ки Вазорати беҳдошти Эрон барои шиносоии шаҳрҳо ва минтақаҳои олуда ба коронавирус, охирин вазъияти ибтило ба коронавирус дар ҳар маҳалла ва дурӣ аз манотиқи олуда муаррифӣ кардааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ахиран дар суханоне бо ишора ба изҳороти яке аз сенаторҳои ғарбӣ, ки гуфта буд, "Ғарби ваҳшӣ зинда шудааст", тасреҳ карданд:

Ҳангоме, ки мо мегӯем, Ғарб як рӯҳи ваҳшигарӣ бар хилофи зоҳири утукарда ва одеколонзадаи худ дорад, бархе онро инкор мекунанд, аммо ҳоло худи онҳо сароҳатан ҳамин воқеиятро мегӯянд.