Пахши зиндаи баёноти Раҳбари муаззами инқилоб бо уммати ҷаҳони ислом дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс
(last modified 2020-05-17T13:28:04+00:00 )
Май 17, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Пахши зиндаи баёноти Раҳбари муаззами инқилоб бо уммати ҷаҳони ислом дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон ва Рӯзи ҷаҳонии Қудс, аз тариқи шабакаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бо уммати ислом сухан хоҳанд гуфт.

Нусратуллоҳи Лутфӣ, қоиммақоми Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон рӯзи якшанбе бо баёни ин, ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс, барҷастатарин ва мондагортарин ёдгори ҳазрати Имом Хумайнӣ (р), намоди сафбандии ҳақ алайҳи ботил, мазҳари ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва ҳамосае мутааллиқ ба ҳамаи мардуми ҳамаср ва ояндагон аст, хотирнишон кард:

Мубориза бо режими саҳюнистӣ ҳамроҳ бо муқовимат ва маънавият, то озодии комили Фаластин идома хоҳад дошт.

Лутфӣ бо таъкид бар ин, ки қатъан бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс ва дифоъ аз мардуми мазлуми Фаластин, воҷиби шаръӣ ва таътилнопазир аст, тасреҳ кард: Дар соли ҷорӣ ба иллати хурӯҷи коронавирус ва маҳдуддияҳои ношӣ аз он, имкони баргузории роҳпаймоии саросарӣ нест.

Қоиммақоми Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломи Эрон афзуд: Барои зинда нигаҳ доштани ин рӯзи муҳим, фармоишоти ҳазрати Оятуллоҳ Хомнаӣ бо уммати ҷаҳони ислом, рӯзи ҷумъаи оянда ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс, соати 12 зуҳр ба вақти Теҳрон аз тариқи шабакаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба сурати зинда пахш хоҳад шуд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон, ба ибтикори Имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол 22 майи 2020, баробар бо 28 рамазони 1441 ҳаҷрии қамарӣ аст.