Июл 23, 2016 14:28 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба қатли фаҷеи навҷавони фаластинӣ

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сар буридани писари 12-сола ба дасти террористҳои мавриди ҳимояти Ғарб дар Сурия вокуниш нишон дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба интишори видеои сар буридани навҷавони фаластинӣ дар Сурия ба дасти террористҳо дар Сурия дар сафҳаи шахсии худ дар "Твиттер" навишт: "Зоҳиран сар буридани як писари 12-сола ба дасти террористҳои мавриди ҳимояти Ғарб як мушкили ҷадид аст. Сукути Ғарб каркунанда аст".

Чанд рӯз пеш гурӯҳи террористие мавсум ба Нуриддин Занкӣ дар иқдоми террористие Абдуллоҳ Исо, навҷавони фаластиниро ба хотири ҷангидан дар канори артиши Сурия сар бурид.

Амрико гурӯҳи террористии Нуриддин Занкиро дар феҳрасти гурӯҳҳои мухолифи миёнарав қарор додааст.