Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Оромиши пойдор дар минтақа ҷуз бо поёни ишғоли Фаластин муҳаққақ намешавад
(last modified 2020-05-22T06:55:10+00:00 )
Май 22, 2020 11:55 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Оромиши пойдор дар минтақа ҷуз бо поёни ишғоли Фаластин муҳаққақ намешавад

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Оромиши пойдор дар минтақа ҷуз бо ҳаллу фасли масоили асосии Фаластин, азҷумла поёни ишғоли созмонёфтаи Фаластин муҳаққақ намешавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ дар паёме ба муносибати рӯзи Қудс изҳор дошт: Эъломи рӯзи ҷаҳонии Қудс (охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон) тавассути ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори фақиди низоми Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳадафи ёдоварии зулму ситами режими ғосиби саҳюнистӣ алайҳи мардуми дар муҳосира ва овораи Фаластин ва зарурати иттиҳоди кишварҳои исломӣ барои озодсозии Қудси шариф, нахустин қибла ва савумин ҳарами шарифи мусулмонон ва решакан кардани ин режими ҷаълӣ ва ғуддаи саратонӣ аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ афзуд: Режими ишғолгари саҳюнистӣ дар тӯли беш аз ҳафт даҳаи ишғоли сарзамини Фаластин мукаррар муртакиби таҷовуз ва ҷиноёти ваҳшиёна алайҳи соҳибони аслии ин сарзамин шудааст ва ин сиёсатро бо эҳдос ва густариши шаҳракҳои саҳюнистнишин ва куштору бехонумон кардани бисёре аз мардуми мазлуми Фаластин, шикастани ҳурмати Масҷидулақсо, муҳосираи навори Ғазза ва идомаи он ва илҳоқи ғайриқонунии сарзаминҳои Ҷулон идома дода ва акнун низ ба дунболи ишғоли қисматҳои бузургтаре аз Каронаи бохтарӣ аст.

Вай таъкид кард: Албатта бояд иқдоми режими Амрико дар ҳимоят аз режими ҷаълӣ ва кудаккуши саҳюнистӣ дар эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахт, ба унвони муқаддамаи иҷрои тарҳи нангини мавсум ба “Муомилаи қарн”, ҳамроҳ бо интиқоли сафорати кишвараш ба Байтулмуқаддасро ҳам ба феҳристи иқдомоти мухарриб ва ғайриинсонии Амрико дар ҳамроҳӣ бо режими ғосиби саҳюнистӣ изофа кард.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар аҳамияти озодии комили сарзамини Фаластин ба унвони як мавзӯи меҳварӣ дар ҷаҳони Ислом ва бар зарурати иттиҳоди давлатҳо ва миллатҳои мусулмон дар муқобила бо ишғолгарӣ ва тавсеаталабии режими саҳюнистӣ таъкид карда, муътақид аст, ки барқарории сулҳи одилона ва оромиши пойдор дар минтақа ҷуз аз тариқи ҳаллу фасли масоили асосии Фаластин, азҷумла поёни ишғоли созмонёфтаи ин кишвар, бозгашти ҳамаи оворагон ва баргузории ҳамапурсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо ширкати ҳамаи сокинони аслии Фаластин, иборат аз мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиён ва ташкили давлати мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф муҳаққақ нахоҳад шуд.

Собирӣ зимни табрики фаро расидани иди саиди Фитр ба ҳама мусулмонони ҷаҳон, аз ҳамаи давлатҳо ва миллатҳои исломӣ ва ҳамаи озодихоҳон ва башардӯстони ҷаҳон барои эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин ва фарёди ормони муқаддаси он даъват кард.