Май 24, 2020 16:44 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намози иди Фитр дар масоҷиди Эрон

Мардуми Эрони исломӣ баъд аз як моҳи рӯзадорӣ ва ибодат, имрӯз (якшанбе) дар намози иди Фитр, саҷдаи шукр ба ҷой оварданд.

Дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муазами инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард: Имрӯз (якшанбе) рӯзи аввали шаввол ва иди саиди Фитр аст.

Бар асоси тасмими ситоди миллии мубориза бо коронавирус дар Эрон, маросими намози иди Фитр дар ҳамаи шаҳрҳо дар маҳалҳое, ки рӯбоз аст, баргузор шуд ва намоз дар маҳалҳое монанди мусалло, ки имокони таҷаммӯъ зиёд аст, баргузор шуд.

Калимаи "фитр" ба маънои бозгашт ба фитрати дарунӣ ва ин ҳамон рамзи муҳиме аст, ки дар иди Фитр инсон ба он даст меёбад. 

Иди Фитр қарор дода шуд, то инсон ба воситаи он бозгаште дошта бошад ба он чи дар ибтидо аз сӯи худованди муттаол дар вуҷудаш ба вадиа гузошта шуд.

 

Барчасп