Истиқболи Эрон аз барқарории оташбас дар Афғонистон ба муносибати иди саиди Фитр
Сафорати Эрон дар Кобул аз барқарории оташбас ва коҳиши хушунатҳо дар айёми иди саиди Фитр дар Афғонистон истиқбол кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул бо судури баёнияе ибрози умедворӣ кард, ибтикори барқарории оташбас ба муносибати иди Фитр, гоме муассир дар чорчуби эътимодсозии бештар ва дар пеш гирифтани масири ҳалли ихтилофот аз роҳҳои мусолиматомез ва ҳамчунин оғозе барои музокироти байн-ал Афғонӣ ва барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон бошад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи Толибон шомгоҳи шанбе бо интишори баёнияе эълом кард, Толибон ҳамзамон бо иди саиди Фитр се рӯз оташбас эълом мекунад.
Ашраф Ғани Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар паёмт Твиттери аз эъломи оташбаси Толибон истиқбол кард.