Май 25, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Нафткашҳои эронӣ дар Венесуэла: тарсакии обдор ба башараи   Трамп

Таҳлилгари машҳури араб ворид шудани нафткашҳои эронӣ ба обҳои Венесуэларо, ки ба маънии шикаста шудани таҳримҳои Амрико зидди ин кишвар буд, силаи муҳками Эрон ба Трамп хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулбории Атвон таҳлилгари саршиноси араб ва сардабири рӯзномаи электроникии Раюл Явм дар вокуниш ба шикаста шудани таҳрими Венесуэла  бо ворид шудани нафткашҳои эронӣ ба обҳои он кишвар навишт: "Иқдоми шуҷоонаи Эрон дар ҳамбастагӣ бо дуст ва муттаҳиди худ Венесуэла нишон дод кишварҳое ҳастанд, ки таҳдидҳои Амрико онҳоро наметарсонад."

Вай афзуд: вуруди ин корвон аз нафткашҳои эронӣ ба бандарҳои Венесуэла бузургтарин шикаст барои Амрико аст ва қатъан муқаддимае барои шикастҳои мушобеҳ барои ин кишвар ба вижа дар обҳои Халиҷи Форс ва дарёи Уммон хоҳад буд.

Атвон ҳамчунон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Ал-маёдин гуфт: ҳушдори Ҳасан Руҳонӣ посухи гӯяндаи Теҳрон ба ҳар гуна таҳаррукоти Вашингтон, омили нигаронӣ ва ақибнишинии Амрико дар моҷарои ҳаракати нафткашҳои эронӣ ба суи Венесуэла буд.

Дар ҳамин ҳол Мигел Диас-Канел Расиҷумҳури Куба рӯзи душанбе дар паёми Твиттерӣ бо ишора ба лангар андохтани нахустин нафткаш аз панҷ танкери эронӣ дар бандарҳои Венесуэла навишт: Ин иқдом муҳосираи ғайри қобили қабул  ва ҷинояткоронае, ки ИМА  бар Венесуэла таҳмил кардааст, дар ҳам шикаст.

Эрон бо таваҷҷӯҳ ба мушкили таъмини бензин дар Венесуэла панҷ нафткаши худро ба ин кишвар фиристодааст, Фортуна ва Форст ба Венесуэла расидаанд ва се нафткаши дигар ба номҳои Кловил, Факсун ва Петуния ҳам дар ҳоли ҳаракат ба самти савоҳили Венесуэла ҳастанд.  

Барчасп