Таъкиди Эрон ва Русия бар ироаи кумакҳои башардӯстона ба Сурия дар пайи шуйюи коронавирус
(last modified 2020-05-26T07:30:05+00:00 )
Май 26, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Русия бар ироаи кумакҳои башардӯстона ба Сурия дар пайи шуйюи коронавирус

Сафири Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия бар ироаи кумакҳои башардӯстона ба Сурия бо таваҷҷуҳ ба шуйюи коронавирус дар ин кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Козими Ҷалолӣ- сафири Эрон дар Маскав рӯзи душанбе дар гуфтугӯе телефонӣ бо Сергей  Варшнин- муовини вазири умури хориҷаи Русия дар бораи таҳаввулоти минтақа аз ҷумла Сурия ва Яман ва ҳамкориҳои Теҳрон -Маскав дар заминаи масоили муҳими байналмиллалӣ дар чорчуби Созмони Миллали Муттаҳид табодули назар кард. Сафири Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин бар пешбурди раванди ҳаллу фасли сиёсии буҳрони Сурия дар чорчуби раванди Остона, таъкид карданд. Сафири Эрон дар Маскав панҷшанбеи гузашта низ бо Михаил Богданов- муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна ва шимоли Африқо телефонӣ гуфтугӯ кард. Тарафайн дар ин гуфтугӯ дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ аз ҷумла Сурия, Ироқ, Фаластин ва тарҳи саҳюнистӣ- амрикоии Муомилаи қарн, Яман ва Либия табодули назар карданд.