Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба Маҷлиси ёздаҳум: Таъкид бар интизорот ва роҳбурдҳои калидӣ
(last modified 2020-05-27T10:15:53+00:00 )
Май 27, 2020 15:15 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба Маҷлиси ёздаҳум: Таъкид бар интизорот ва роҳбурдҳои калидӣ

Фаъолияти ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) тайи маросиме бо паёми раҳбари муаззами инқилоб оғоз шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар бахше аз ин паём бо таъкид бар инки «иқтисод ва фарҳанг» дар садри авлавиятҳои кишвар аст, намояндагонро ба масоиле ҳамчун авлавият додан ба маишати табақоти заиф, ислоҳи хутути аслии иқтисод, мисли иштиғол ва тавлид ва таваррум, риояти тақво ва инсоф дар анҷоми вазоифи назоратӣ, мавзеъгириҳои инқилобӣ дар ҳаводиси муҳим ва таомули бародарона бо қувои муҷрия ва қазоия тавсия карданд.

Раҳбари инқилоб, бо ишора ба як вазифаи наздики маҷлис, яъне танзими барномаи ҳафтуми тавсеаи кишвар хотирнишон карданд, таваҷҷуҳ ба ин вазифа ва низ таваҷҷуҳ ба коҳиши нақши таъйинкунандаи нафти хом дар манобеи молии давлат, ки фурсати муғтанаме барои тарсими хатти иқтисоди кишвар аст, тавсияи дигари инҷониб ба шумо азизон аст.

Паёми раҳбари муаззами инқилоб бар нукоте таъкид дорад, ки лозимаи маҷлиси пурсамар ва пуркор ва таъсиргузор барои давраҳои оянда аст.

Дар шароити кунунӣ бо таваҷҷуҳ ба шароити таҳримӣ, зарурати ба кор бастани тавоноиҳои дохилӣ барои убур аз ин шароит ва таваҷҷуҳ ба маишат, иқтисод ва эҷоди умед ва тақвияти ҳамбастагӣ аз муҳиммтарин авлаввиятҳои маҷлиси ёздаҳум аст.

Дар ин чорчуб ҳалли масоили иқтисодӣ мутаносиб бо ниёзҳои мардум, контроли вазъи бозор  маҳори нақдинагӣ ва ҳимоят аз фаъолиятҳои донишбунён аз муҳиммтарин авлаввиятҳое аст, ки маҷлис бояд ба онҳо таваҷҷуҳи бештаре дошта бошад. Дар ин ҳол танзими шохисҳо ва аҳдофи калони барномаи ҳафтуми тавсеаи кишвар низ мавзӯи роҳбурдӣ аст, ки ниёзманди барномае бархӯрдорӣ аз илзомоти қонунӣ ва назорат бар иҷрои дақиқ аз сӯи муҷриён аст. Дар ин иртибот фаъолтар шудани комиссияҳои тахассусӣ метавонад яке аз авлаввиятҳои маҷлиси ҷадид бошад, комиссияҳое, ки бо истифода аз баданаи коршиносӣ ва иҷроӣ бо ироаи роҳкорҳои муносиб метавонад ба тасмимгириҳои маҷлис дар ҳавзаҳое ҳамчун иштиғол, санъат, кишоварзӣ, тиҷорат, масоили фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар бо таваҷҷуҳ ба инки имсол, ба номи “соли ҷаҳиши тавлид” номгузорӣ шудааст, суръат бибахшад.

Бетардид, маҷлис бо ҳар таркиб ва салиқае маҳалли таомул, дарк ва фаҳми муштарак аз мушкилот аст ва ҳар замон, ки ин ду дар канори ҳам қарор гирифтаанд, бароянди он ба нафъи масолеҳ ва пешрафт ва иқтидори миллати Эрон дар муқобили фишорҳо ва таҳдидҳо будааст.

Ҳуҷҷатулислом Муртазо Оқотеҳронӣ, Дабири кулли ҷабҳаи пойдорӣ ва мунтахаби мардуми Теҳрон мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва заруратҳои тасмимсозӣ ва қонунӣ рӯҳияе, ки акнун аз маҷлиси ёздаҳум ва намояндагони он ёд мешавад, қувваи муқанана дар давраи ёздаҳум, худ бар анҷоми вазоифи қонунии худ ва парҳез аз лобиҳои шахсӣ ва сиёсӣ таъкид хоҳад дошт.

Ончӣ мусаллам аст, авлавияти Маҷлиси ёздаҳум қатъан посух ба мутолиботи ба ҳаққи мардум аст. Аз ин рӯ, интизор меравад, давраи ҷадиди қонунгузорӣ, ки таркибе аз нерӯҳои ҷавон ва бо таҷриба дар ҳавзаҳои мухталифи иҷроӣ ва масъулиятӣ аст, бо истифода аз зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳ ва ихтиёроти маҷлис, авлавиятҳо ва ниёзҳои асосии кишварро дар болотарин сатҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад. Аз ин дидгоҳ паёми раҳбари инқилоб ба маҷлиси ёздаҳум нақшаи роҳ ва роҳгушои ҳаракат дар ин масир аст.