Таҳвили бастаи таҷҳизоти пизишкии Эрон ба Вазорати беҳдошти Афғонистон
(last modified Mon, 01 Jun 2020 06:27:54 GMT )
Июн 01, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили бастаи таҷҳизоти пизишкии Эрон ба Вазорати беҳдошти  Афғонистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул бастаи кумаки пизишкӣ барои муқобила бо коронавирусро ба Вазорати беҳдошти Афғонистон таҳвил дод.

Ба гузориш радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, Баҳодури Аминиён- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул рӯзи якшанбе бастаи 11 тоннаии таҷҳизоти пизишкӣ ва кумакҳои Эрон шомили тестҳои ташхиси коронавирус, дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ, ниқоби тиббӣ ва маводди  безараргардониро ба Башир Нурмал- муовини Вазорати  беҳдошти  Афғонистон  таҳвил дод.

Аминиён дар ин маросим, ки дар маҳалли  Вазорати беҳдошти Афғонистон баргузор шуд, ҳадаф аз ин кумакҳоро муқобила бо коронавирус ва ҳифозат аз ҷони кадри дармонӣ ва мардуми Афғонистон унвон кард ва таъкид  кард, кумакҳои беҳдоштии  Эрон ба Афғонистон идома хоҳад ёфт.

Муовини Вазорати беҳдошти Афғонистон ҳам ба намояндагӣ аз давлати Афғонистон бо қадрдонӣ аз кумакҳои Эрон, гуфт: Ин таҷҳизот аз ниёзҳои зарурии Вазорати  беҳдошти Афғонистон аст.

Нурмал ҳамчунин аз сафири Эрон хост Теҳрон ба кумакҳои бештари худ  барои  муқобила  бо коронавирус  дар Афғонистон идома диҳад.

Пеш аз ин низ миқдоре тестҳои ташхиси коронавирус  ба сафорати Афғонистон  дар  Теҳрон  таҳвил  дода шуд, ки дар бемористони вилояти Ҳарот  барои  ташхиси беморони коронаӣ истифода шудааст.