Июн 02, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди Ковид-19 дар  Эрон

Дар 24 соати гузашта се ҳазору 117 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шудаанд.

Ба гузориши радиои точикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба Ковид-19 дар Эрон гуфт: бо дар назар гирифтани ин се ҳазору 117 нафар, теъдоди мачмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон то кунун ба 157 ҳазору 562 нафар расидааст.

Ҷаҳонпур афзуд: аз байни мубталоёни ҷадид, 541нафар дар бемористонҳо бистарӣ шуда ва 2 ҳазору 576 бемор низ пас аз муоина , давраи дармони худро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Вай ҳамчунин гуфт: то кунун 123 ҳазору 77 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 64 бемор дар 24 соати гузашта гуят: теъдоди кулли мавориди фавти  ноши аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 942 накфар расидааст.

Барчасп