Беҳбудии беш аз 134 000 бемори COVID-19 дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54306-Беҳбудии_беш_аз_134_000_бемори_covid_19_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбуд ёфтани беш аз 134 000 бемори коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 134 000 бемори COVID-19 дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбуд ёфтани беш аз 134 000 бемори коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, зӯҳри рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори гирифторон дар Эрон гуфт:

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 364 бемори ҷадиди коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 648 маврид бистарӣ шуданд ва бақия низ пас аз муоина, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Ҷаҳонпур афзуд: Дар шабонарӯзи гузашта, 72 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон,ба 8 281 нафар расид.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд, то кунун маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 171 789 нафар расидааст, ки аз ин теъдод, 134 349  нафар беҳбуд ёфтаанд.