Июн 08, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раҳбари инқилоб аз коркунони нафткашҳои эъзомӣ ба Венесуэлла

Раҳбари инқилоб аз коркунони нафткашҳои эъзомӣ ба Венесуэлла қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ирсоли паёми муҳаббатомез аз ҳаракати ҷиҳоди фармондеҳон ва коркунони шиноварҳои нафткаши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки маҳмулаи фаровардаҳои нафтиро ба кишвари Венесуэлла мунтақил карданд, қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши рӯзи душанбе пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, матни ин паём ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир-раҳмони-раҳим ба ҳамаи шумо азизон, капитан ва коркунони киштӣ худо қувват  мегӯям кори бузурге кардед. ҳаракати шумо ҳаракати ҷиҳодӣ буд. Кишварро сарафроз кардед. Иншоаллоҳ муваффақ бошед. Сайидалӣ Хоманаӣ 19/3/99.