Рафтори дугонаи бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз ҷинояткорони амниятӣ ва иқтисодии Эрон
(last modified 2020-06-09T09:45:09+00:00 )
Июн 09, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Рафтори дугонаи бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз ҷинояткорони амниятӣ ва иқтисодии Эрон

Бархе аз кишварҳои аврупоӣ на танҳо барои дастгирӣ ва истирдоди ҷинояткорони амниятӣ ва иқтисодӣ бо Эрон ҳамкорӣ намекунанд, балки ба онҳо паноҳандагӣ ва шаҳрвандӣ медиҳанд.

Алии Боқирии Канӣ- муовини умури байналмиллал ва ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон рӯзи душанбе бо баёни ин нукта, рафторҳои дугонаи кишварҳои аврупоиро мавриди интиқод қарор дод ва бо ишора ба фазосозиҳои таблиғотӣ ва илқои бунгоҳи хабарпарокании давлати Англис гуфт: Лондон ба ҷои ашки тимсоҳ рехтан барои фирори муттаҳамони иқтисодӣ бояд аз давлати Англис бихоҳад то ба ҳама аз ҷумла миллати Эрон посух диҳад, ки бо чи тавҷеҳе ба паноҳгоҳи аслии мутаҷовизон ба ҳуқуқи миллати Эрон табдил шудааст.   

Мубориза бо фасоди иқтисодӣ мавзӯи ҷадиде нест. Кишварҳои мухталифи дунё равишҳо ва қавонини мухталиферо дар ин замина ба кор гирифтаанд. Фасоди иқтисодӣ албатта далелҳои зиёде дорад, ки бахше аз он бархоста аз нокоромадии дастгоҳҳои назоратӣ, ибҳом дар қавонин ва муқаррарот, сохтори фарсудаи идорӣ ва эҷоди инҳисор ҳамроҳ бо сӯимудирият аст. Баррасиҳои оморӣ нишон медиҳад, ки агарчи рутбаи Эрон дар радабандии «шохиси идроки фасоди соли 2017»-и Муассисаи байналмиллалии шаффофият нисбат ба солҳои гузашта беҳбуд ёфтааст, бо ин ҳол истимрори қотеонаи мубориза бо фасод дар Эрон дар ҳамаи паҳлуҳо ҳамчунон амре зарурӣ аст.   

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб, дар ҳамин хусус дар бахше аз баёнияи роҳбурдии гоми дувуми инқилоб таъкид карданд: Адолат ва мубориза бо фасод, ин ду лозим ва малзуми якдигаранд. Фасоди иқтисодӣ ва ахлоқӣ ва сиёсӣ, тӯдаи чиркини кишварҳо ва низомҳо аст ва агар дар баданаи ҳукуматҳо ориз шавад, зилзилаи вайронгар ва зарбазананда ба машрӯияти онҳост; ва ин барои низоме, чун ҷумҳурии исломӣ, ки ниёзманди машрӯите фаротар аз машрӯиятҳои марсум ва мабноитар аз мақбулияти иҷтимоӣ аст, бисёр ҷаддитар ва бунёнитар аз дигар низомҳо аст.  

Муқобилаи муассир бо ин ҷараён, аммо илова бар қотеият дар бархурди қазоӣ бо мутахаллифон, ниёзманди таомул дар сатҳи байналмиллалӣ аст. Дар ҳоле, ки дар ин замина шаффофияти лозим аз сӯи бархе кишварҳо дида намешавад. Дар Эрон то кунун даҳҳо муфсиди иқтисодӣ муҳокима ва муҷозотҳое аз эъдом то ҳабсҳои баландмуддат ва ҷаримаҳои сангин дар бораи онҳо иҷроӣ шудааст. Дар рӯйхатти номҳои ин ҷинояткорон номи афроде ҳамчун Шаҳроми Ҷазоирӣ, Бобаки Занҷонӣ ва Маҳмудризо Ховарӣ дида мешавад. Ховарие, ки аз ҷинояткорони иқтисодӣ ба далели мушорикат дар пулшӯии 3 ҳазор миллиард тумонӣ аст, дар соли 2001 ба кишвари Канада, ки шаҳрвандии онро дошт, гурехт. Воқеият ин аст, ки Эрон акнун дар ҳоли набарди иқтисодӣ бо таҳримҳо ва коршиканиҳои иқтисодӣ аст. Дар чунин шароити ҳассосе табиатан ҳаргуна монеатарошӣ дар амри мубориза бо мафосиди иқтисодӣ ва ё ҳимояти бархе кишварҳо аз муфсидони иқтисодӣ метавонад бахше аз ин ҷанги иқтисодӣ арзёбӣ гардад.   

Изҳороти муовини умури байналмиллал ва ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон дар воқеъ ишора ба ҳамин нукта дорад, ки гуфт: Бархе кишварҳои ғарбӣ фақат паноҳгоҳи террористҳо нестанд, ки дасташон ба хуни мардуми Эрон оғушта шуда, балки паноҳгоҳи муфсидон ва пулшӯёне аст, ки дасташон дар ҷайби миллати Эрон фурӯ рафтааст.