Июн 09, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Руҳонӣ бар тавсияи равобити иқтисодии байни Эрон ва Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар тавсияи равобити иқтисодӣ бо Қирғизистон дар чорчӯби иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Ҳасан Руҳонӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков гуфт: "Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё заминаи бисёр хубе барои густариши ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар эҷод кардааст,ки метавон дар ин чорчӯб ба тавсияи ҳамкорӣ иқдом кард."

Руҳонӣ афзуд: барои ҳамкории иқтисодии Эрон ва Қирғизистон набояд мунтазири поёни корона буд, зеро метавон дар чорчӯби протоколҳои беҳдоштӣ, мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкории иқтисодиро афзоиш дод.

 Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба такмили лоиҳаи маҷмуаи варзишии шаҳри Оши Қирғизистон бо ҳамкории муҳандисони эронӣ, гуфт:"Эрон комилан омода аст ба Қирғизистон дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳ ва хатҳои интиқоли барқ, сохтмони сарбанд, сохтмони роҳҳо ва рушди нерӯгоҳҳо хидматҳои техникӣ ва муҳандисӣ кунад."

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков  низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз Эрон ба далели ироаи кӯмакҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ ба Қирғизистон барои муқобила бо бемории корона қадрдонӣ кард.

Жээнбеков ҳамчунин гуфт: "Қирғизистон ҳамвора барои Эрон, дӯст ва бародар хоҳад монд ва бар тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар ҳама заминаҳо таъкид дорад."

Барчасп