Шиносоии беш аз 2000 бемори Covid-19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, аз шиносоии беш аз 2 000 бемори ҷадиди Covid-19 дар Эрон хабар дод.
Симо Содоти Лорӣ рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 238 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 688 нафар бистарӣ ва бақия низ ба сурати сарпоӣ хадамотрасонӣ шуданд.
Лорӣ афзуд: Дар шабонарӯзи гузашта 78 бемор низ мутаассифона ҷони худро аз даст доданд.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: Маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 180 ҳазору 156 нафар ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 584 нафар расид.
Ба гуфтаи хонум Лорӣ, то кунун 142 663 бемор беҳбуд ёфтаанд.