Таарруз ба сафорати Эрон дар Кобул: Сенарияи тоза барои танишсозӣ байни ду кишвари ҳамсоя
(last modified 2020-06-14T16:16:13+00:00 )
Июн 14, 2020 21:16 Asia/Dushanbe
  • Таарруз ба сафорати Эрон дар Кобул: Сенарияи тоза барои танишсозӣ байни ду кишвари ҳамсоя

Дар пайи иқдомоти бархе аз гурӯҳҳои маонид(душман)-и Эрон дар Афғонистон, ки тайи рӯзҳои гузашта муртакиби таарруз ба сафорат ва бархе аз намояндагиҳои Эрон дар Афғонистон шуданд, сафири Афғонистон дар Теҳрон, рӯзи шанбе барои адои тавзеҳот ба вазорати умури хориҷа эҳзор шуд.

Дар ин фарохон Сайидрасули Мусавӣ, мудири кулли Осиёи ғарбии вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидори Абдулғафур Ливол, сафири Афғонистон дар Теҳрон, маротиби нигаронӣ аз таъсири иқдомоти ғалати гурӯҳҳои маонид бар равобити ҳамсоягии ду кишварро иброз кард.

Дар ҳодисае, ки ҳудуди 2 моҳ қабл рух дод бар асоси иддаои тарафи афғонистонӣ шуморе аз атбои ин кишвар, ки қасди вуруди ғайриқонунӣ ба Эронро доштанд, дар рӯдхонаи Ҳарирӯд ғарқ шуданд. Ин воқеа бо ҷавсозии бархе маҳофили маонид, ба мавҷе аз фазосозиҳои муғризона бар зидди Эрон табдил шуд. Дар ҳоле, ки дар баррасиҳо ва таҳқиқот мушаххас шуд, ғарқ шудани чанд табааи Афғонистон дар рӯдхонаи муштараки марзӣ ва дар хоки кишвари Афғонистон иртиботе бо марзбонии Эрон надошта ва қусуре аз сӯи марзбонони Эрон, сурат нагирифтааст. Дар ҳодисаи дигаре низ ки ҳудуди ду ҳафтаи қабл дар Язд иттифоқ афтод, худрави ҳомили теъдоде атбои Афғонистон, ки ба сурати ғайриқонуни вориди кишвар шуда ва тавассути қочоқчиёни инсон дар ҳоли интиқол ба шаҳрҳои дигар буданд, пас аз машкук шудани полис ва бетаваҷҷӯҳии ронанда ба фармони ист аз ноҳияи чархи ақиб мавриди исобати гулӯлаи маъмурон қарор гирифт ва ба далели суръати бисёр боло дар ниҳоят пас аз тайи 8 километр дучори оташсӯзӣ шуд. Дар ин ҳодиса 3 тан ҷон бохта ва 8 тани дигар захми шуданд.

Дар ҳамин робита Абдулғафур Ливол, сафири Афғонистон дар Теҳрон, пас аз сафар ба Язд ва дидор аз наздик бо маҷрӯҳони ҳодиса гуфт, мо бовар дорем, ки мусаббиби ин ҳодиса ронанда ва бонди қочоқчи инсонҳост.

Дар мавриди равобити Эрон ва Афғонистон чанд нукта қобили зикр аст: Нуктаи аввал, собиқаи дӯстии Эрон ва Афғонистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя бо марзҳои бисёр тӯлонӣ ва фарҳанг ва забони наздик ва манофеъи муштарак аст. Эрон 4 даҳа аст, бе он ки деворе дар марзҳои худ ба сабки Доналд Трамп эҷод кунад, мизбон ва пазирои беш аз 3 миллион муҳоҷири афғон аст, ки ҷангталабиҳои Амрико онҳоро овора кардааст. Эрон солҳост шуғл, омӯзиши ройгон ва имконоти беҳдоштии ройгон дар ихтёри муҳоҷирони афғон қарор дод. Нуктаи дувум, таъмини амният дар марзҳо дар чорчуби равобити ҳамсоягӣ аст. Ба гуфтаи Мусавӣ, фақат дар чанд моҳи ахир наздик ба 120 ҳазор нафар аз атбои Афғонистон ба сурти ғайриқонунӣ вориди хоки Чумҳурии Исломии Эрон шудаанд, ки дар миёни онҳо қочоқчиёни маводи мухаддир, авомили террористӣ ва афроди маонид низ вуҷуд дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Эрон солона беш аз 300 миллион доллар барои мубориза бо маводи мухаддир ҳазина мекунад ва токунун се ҳазору  814 шаҳид дар роҳ ин мубориза додааст. Нукта сеюм, зарурати ҳушёри дар муқобили дасисаҳо бар зидди равобити ду кишвари ҳамсоя аст.

Дар ҳамин робита генерал Ҳусайни Аштарӣ, фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба шайтанатҳои расонаҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико дар ихтилофафкани байни ду миллати Эрон ва Афғонистон, бар лузуми ҳушёри барои муқобила бо ин тавтеаҳо таъкид кардааст.

Нузар Шафеъӣ, коршиноси масоили Афғонистон мегӯяд, ин ҷараёнотро метавон тавтеае аз сӯи Амрико талаққӣ кард. Тамаркузи беш аз ҳадд бар ин мавзӯъ метавонад паёмадҳои манфӣ барои ҳарду кишвар дошта бошад.

Таҷриба нишон медиҳад, ҳадаф аз таҳарукоти шуморе аз аносури маонид буҳронофаринӣ ба баҳонаҳои мухталиф дар равобити Эрон ва Афғонистон аст. Ин шароит иқтизо мекунад, ки аз равобити дӯстонаи ду кишвар ба диққат сиёнат шавад. Фарохони сафири Афғонистон дар Теҳрон ва ибрози маротиби нигаронӣ аз таъсири иқдомоти ғалати гурӯҳҳои маонид бар равобити ҳамсоягии ду кишварро мебоист дар ҳамин чорчуб арзёбӣ кард.

 

Барчасп