Афзоиши дубораи шумораи фавтшудагон аз коронавирус дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54576-Афзоиши_дубораи_шумораи_фавтшудагон_аз_коронавирус_дар_Эрон
Дар якчанд рӯзи ахир шумораи афроде, ки бар асари Ковид-19 ҷони худро аз даст додаанд дар Эрон дубора раванди афзоишӣ ба худ гирифтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 16, 2020 12:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубораи шумораи фавтшудагон аз коронавирус дар Эрон

Дар якчанд рӯзи ахир шумораи афроде, ки бар асари Ковид-19 ҷони худро аз даст додаанд дар Эрон дубора раванди афзоишӣ ба худ гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дубора охирин омори беморони Ковид-19 дар Эрон гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 563 бемори ҷадид дар кишвар шиносоӣ шудааст, ки 939 маврид бистарӣ шуданд  ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, дубора дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Лорӣ гуфт, бо ҳисоби беморони ҷадид, маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 192 ҳазору 439 нафар расидааст.

Вай афзуд: дар 24 соати гузашта 115 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 65 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт то кунун 152 ҳазору 675 нафар аз беморони Ковид-19 дар Эрон беҳбуд ёфтаанд.

Теъдоди рӯзонаи ҷонбохтагон аз корона дар Эрон ба муддати чандин рӯз камтар аз 100 нафар буд, аммо дар се рӯзи ахир ин теъдод дубора ба беш аз 100 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 8 миллиону 140 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 440 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 4 миллиону 250 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.