Июн 21, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Дзинфексияи ашиё дар панҷ сония бо дастгоҳи электро-оптикии эронӣ

Як ширкати донишбунёни эронӣ бо таваҷҷуҳ ба шуйюи корона тавонист дастгоҳи безараргардонии электро-оптикии ҳушмандро бо қобилияти дзинфексияи ашиё дар панҷ сония тарроҳӣ ва тавлид кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадризо Хотамӣ аз мудирони як ширкати донишбунёни эронӣ рӯзи якшанбе гуфт: Яке аз имтиёзҳои бузурги дастгоҳи безараргардонии электро-оптикии ҳушманд пок кардани бактерӣ, вирус, қорч (занбурӯғ), ангал, такёхта ва вирус аз ҷумла вируси корона аз рӯи ҷисмҳо аст ва ин дастгоҳ дар се навъ бо муддати замонҳои панҷ сония, 55 сония ва 3 дақиқа тарроҳӣ ва тавлид шудааст.

Хотамӣ гуфт: Бо истифода аз ин дастгоҳ метавон ашиёи мухталиф аз ҷумла телефони мобелӣ, планшет, соати дастӣ, калидҳо монанди калиди мошин, васоили пизишкӣ ва беҳдоштӣ, табсанҷҳо, ҷавоҳирот, миши кампютер, лавозими идорӣ, қошуқу чангол ва ҳатто пул ва ниқоби муҳофизатиро дзинфексия ва дубора истифода кард.

Мудири ин ширкати донишбунён гуфт: Ин дастгоҳ тамоми иҷозатномаҳои лозимро аз Созмони энержии атомӣ ва Созмони таҷҳизоти пизишкии Эрон дарёфт кардааст ва дар ҳоли гирифтани иҷозатномаи стандарти Аврупо барои содирот ҳастем.

Ба гуфтаи вай, аз ин дастгоҳ дар дунё фақат як модели дигар сохти кишвари Амрико вуҷуд дорад, аммо намунаи эронӣ бо сарфи замони камтар барои дзинфексияи ашиё ва боз шудани дари махзани он бидуни ламс ва дахолати даст, амалкарди беҳтаре дорад.