Хохоми баландпояи яҳудиёни Эрон: Амнияти яҳудиён дар Эрон олӣ аст
(last modified Mon, 22 Jun 2020 05:18:19 GMT )
Июн 22, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Хохоми баландпояи яҳудиёни Эрон: Амнияти яҳудиён дар Эрон олӣ аст

Хохоми баландпояи яҳудиёни Эрон амният ва озодии яҳудиёне, ки дар Эрон зиндагӣ мекунандро бисёр олӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Яҳудо Гиромӣ- хохоми баландпояи яҳудиёни Эрон дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии амрикоии "Al-Monitor", ки шомгоҳи якшанбе мунташир шуд гуфт: Ҳудуди 25 ҳазор яҳудӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон зиндагӣ мекунанд ва фаолиятҳои мазҳабии яҳудиён дар Эрон ба сурати озодона ва бидуни ҳеҷгуна маҳдудияте сурат мегирад.

Гиромӣ таъкид кард: Мусулмонони Эрон эҳтироми зиёде барои яҳудиёне, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, қоил ҳастанд ва дар Эрон ниёзе ба ҳузури неруҳои амниятӣ барои ҳифозат аз мадрасаҳо ва ибодатгоҳҳои яҳудиён вуҷуд надорад.

Хохоми баландпояи яҳудиёни Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ намояндаи яҳудиён нест изҳор дошт: Кабинаи Исроил бо иқдомоте, ки анҷом медиҳад бисёр аз дини яҳудият дур аст.

Гиромӣ ба рашодатҳои сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи шаҳиди неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исиломӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ низ ишора кард ва гуфт: Сулаймонӣ, гурӯҳи террористии ДОИШ-ро шикаст дод, ки ин барои мардуми Эрон аз ҷумла яҳудиён бисёр муҳим аст.