Сухангӯи давлати Эрон: Арзиши Афғонистон барои Эрон беш аз як ҳамсоя аст
Сухангӯи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки арзиши Афғонистон барои Эрон беш аз як ҳамсоя аст ва Эрону Афғонистон ду ривоят аз як тамаддуни воҳид ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Али Рабии рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳо ҳамчунин гуфт: Рахнаи мутақобили фарҳанг ва забону эҳсосоти муштарак миёни ду миллат Эрон ва Афғонистон ончунон тору пуди ҳардуро оғушта карда, ки шодӣ ва ранҷ барои ҳар ду миллат, мутақобил ва муштарак аст.
Дар сафари ҳайати Афғонистонӣ ба Эрон ду тараф бар лузуми назорати муассиртар бар марзи муштарак тавофуқ карданд, гуфт Рабеӣ.
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мамед Ҳаниф Атмар рӯзи якшанбе бо як ҳайати баландпоя иборат аз 45 мансабдори воломақоми Афғонистон барои мулоқот бо мақомоти воломақоми Эрон вориди Теҳрон шуд ва бо мақомҳои баландпояи эронӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Шомгоҳи душанбе, вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири хориҷаи Афғонистон дар як изҳороти 15 банда зарурати идомаи музокиротро барои таҳияи санади ҳамаҷонибаи "ҳамкориҳои" ду кишвар дар се моҳи оянда таъкид карданд.
Бо истифода аз имконоти Эрон барои мусоидат ба раванди музокироти байнипарлумонӣ, ҳамкории ду кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, мусоидат ба рафтуомади шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар гузаргоҳҳои муштарак, ташкили ҳузури қонунии меҳнати афғон дар Эрон ва идомаи ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаи расонаҳо, фарҳанг ва энергетика яке аз созишномаҳои миёни мақомоти ду кишвар мебошад.