Шиносоии беш аз ду ҳазору 400 бемори нави КОВИД-19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазору 400 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони КОВИД-19 дар ин кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 456 бемори нави КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 139 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.
Лорӣ гуфт: Маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 220 ҳазору 180 нафар расидааст.
Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 125 нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 10 ҳазору 364 нафар расид.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 180 ҳазору 661 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.