Вуқуи таркиши террористӣ дар Зоҳидон
Манобеи расонаӣ аз вуқуи таркиши террористӣ дар минтақаи Курини вилояти Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон хабар доданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садо ва Симо, ин таркиш субҳи имрӯз (сешанбе) дар масири убури ду худрави неруҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздики рустои Гулӯгоҳ дар бахши Курини шаҳри Зоҳидон рӯй дод.
Фидоҳусайн Моликӣ- намояндаи мардуми Зоҳидон дар Маҷлиси Шурои исломии Эрон зимни таъйиди ин хабар тасреҳ кард, ин ҳамла, ки аз сӯи гурӯҳаки террористии "Ҷайшузулм" ҳангоми убури ду худрави неруҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ анҷом гирифт, талафоти ҷонӣ надошта ва танҳо фармондеҳи сипоҳи минтақа дучори ҷароҳатҳое шудааст.
Гурӯҳаки террористии Ҷайшузулм низ бо интишори баёнияе дар канали телеграмии худ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифт.
Ба гуфтаи масъули равобити умумии қароргоҳи Қудси неруи заминии сипоҳи ҷануби шарқи кишвар ҳам акнун неруҳои сипоҳ дар минтақа ҳозир ва дар ҳоли баррасии паҳлуҳои мавзӯъ ҳастанд.
Гурӯҳаки террористии Ҷайшузулм бо тафаккуроти салафӣ ва ваҳобӣ аз ҷумла ҳомиёни гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ дар Сурия аст.