Июл 01, 2020 08:57 Asia/Dushanbe

Таркиши клиники Сино дар шимоли Теҳрон, пойтахти Эрон 19 кушта ва чаҳорда маҷруҳ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Саидҷалоли Маликӣ- сухангӯи Созмони сухторхомушкунӣ ва хадамоти эминии шаҳрдории Теҳрон бомдоди чаҳоршанбе гуфт: 15 нафар аз ҷонбохтагон зан ва чаҳор нафар мард ҳастанд ва амалиёти ҷустуҷӯ ҳамчунон идома дорад. 

Вай афзуд: Бо талоши кормандони бахши сухторхомушкунӣ 20 нафар аз афроде, ки дар замони ҳодиса дохили сохтмон буданд наҷот ёфтанд ва осебдидагон низ ба бемористон мунтақил шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ клиники Сино дар минтақаи Таҷриш дар шимоли Теҳрон ҳудуди соати 21-и сешанбе дучори сухтор шуд ва қабл аз расидани кормандони сухторхомушкунӣ  ду таркиш ба фосилаи чанд дақиқа дар он рух дод.

Гузоришҳои аввалия аз таркиши балони оксигин дар зерзамини ин сохтмон ҳикоят дорад.

Барчасп