Июл 09, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи ҷомеъи Эрон ва Сурия, намоиши қудрати меҳвари Муқовимат

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сурия ба унвони ду шарики роҳбурдӣ дар минтақаи Ғарби Осиё дар заминаи дифоъӣ, низомӣ ва амниятӣ тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкорӣ имзоъ карданд.

Ин тавофуқнома, ки сангбинои ҳамкориҳои низомӣ ва амниятии пеши рӯи Эрон ва Сурия аст, рӯзи чаҳоршанбе дар поёни сафари сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Димишқ, пойтахти Сурия, ва пас аз дидор бо Алӣ Абдуллоҳ  Айюб, вазири дифоъ имзоъ шудааст.

Меҳвари аслии тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкории низомӣ ва амниятии Эрон ва Сурия мубориза бо терроризм дар ин кишвар ва муқобила бо тавтеаҳои муштарак эълом шудааст. Дар ҳамин чорчуб, ҳайатҳои баландпояи низомии Эрон ва Сурия пас аз имзои тавофуқномаи ҷомеъ дар Димишқ бо судури баёнияе таъкид карданд: Идомаи муқобила бо терроризми такфирии мавриди ҳимояти бархе режимҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ яке аз ҳадафҳои муҳими ин тавофуқнома аст.

Эрон дар канори Сурия меҳвари аслии Муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё аст ва душмани муштараке монанди гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, Амрико ва режими Исроил доранд. Буҳронсозӣ дар Сурия ва гусели гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ба ин кишвар дар соли 2011 бо ҳадафи заъиф кардан ва дар ниҳоят фурӯпошии низоми Сурия анҷом шуд то монеаи аслӣ дар баробари тарҳи мавриди назари амрикоиҳо барои Ховари Миёнаи нав бардошта шавад.

Имрӯз аммо бо гузашти 9 сол аз ҷанги Сурия, Амрико ва ҳомиёнаш бо истифода аз террористҳо ва корзори ҷанги низомӣ натавонистаанд ба аҳдофи мавриди назари худ дар минтақаи Ғарби Осиё бо убур аз хонадони Асад бирасанд.

Ҳамкории роҳбурдии Эрон ва Сурия дар заминаи низомӣ ва амниятӣ монеъ аз таъбир шудани хоби амрикоиҳо шудааст ва имрӯз ба ночор ба самти таҳрими Сурия дар чорчуби қонуни "Сезар" ҳаракат карданд.

Ҳамкории амниятӣ- иттилоотии Сурия ва Эрон дар солҳои ахир ҳадафҳо ва сиёсати амрикоиҳоро дар минтақаи Ғарби Осиё бар ҳам задааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҷриба, имзои тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкории низомӣ, амниятӣ ва дифоъӣ байни Эрон ва Сурия беш аз пеш аҳамият меёбад ва чашмандози ин ҳамкориҳоро равшан ва мустаҳкамтар хоҳад кард.

Фурӯпошии низоми Сурия ва ҷудоии ин кишвар аз Эрон, ду ҳадафе аст, ки амрикоиҳо аз соли 2011 ба думболи амалисозии он ҳастанд, аммо вақте дар ҷанги низомӣ шикаст хурданд, ба қонуни "Сезар" рӯй оварданд. Равобити амиқи Эрон ва Сурия, имрӯз ду кишварро ба ҷое расондааст, ки тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкории низомӣ ва амниятӣ имзо мекунанд то бо гомҳои устувортар бо тавтеаҳои Амрико мубориза кунанд ва таҳримҳои ин кишвар монеае дар баробари ҳамкориҳои роҳбурдии Теҳрон –Димишқ нест.

Дар ҳамин чорчуб, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, дастёри раиси Маҷлиси Шурои исломӣ дар умури байналмиллал гуфт: Амрико аз рӯй истесол дар баробари Сурия ба қонуни Сезар рӯй овардааст ва таҳримҳои иқтисодӣ ҳеҷ маъное барои Теҳрон ва Димишқ надорад ва ду тараф ҳамкориҳои иқтисодии худро бо ангезаи бештар идома медиҳанд.

Танаввуъбахшӣ ба ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Сурия бо имзои тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкории дифоъӣ, низомӣ ва амниятӣ, тавон ва қудрати бозигарии ду кишварро дар минтақаи Ғарби Осиё афзоиш хоҳад дод ва ин қудрат иртиботи маънодоре бо идома ёфтани нокомии Амрико ва низ амалисозии субот, амният ва сулҳ дар Сурия ва минтақа дорад.

 

Барчасп