Июл 09, 2020 21:32 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Меҳвари қонунгузории парлумонҳо, ҷилавгирӣ аз таҳрими золимона бошад

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар нишасти маҷозии Маҷмаи маҷолиси осиёӣ гуфт: Меҳвари аслии қонунгузории парлумонҳо дар даврони пасокоронаӣ, ҷилавгирӣ аз таҳримҳои золимона бошад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар нахустин нишасти маҷозии Маҷмаи маҷолиси осиёӣ, бар аҳамияти парлумонҳо ва наҳваи таомули низоми қонунгузорон таъкид ва хотирнишон кард:

Бояд дипломатияи иқтисодии парлумонӣ ва нақши онро дар пешбурди равнақи иқисодии байни аъзои парлумонҳои осиёи мадди назар қарор дод.

Қолибоф дар идома афзуд:

Бо  вуҷуди фишорҳо ва дархостҳои созмонҳои байналмилалӣ, барои рафъ ё коҳиши таҳримҳои иқтисодии Амрико алайҳи миллатҳо, аз ҷумла Эрон, сиёсаити фишори ҳаддиаксарии Вашингтон дар шароити бӯҳрони коронавирус ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

 

 

Барчасп