Июл 11, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии бемори 109 солаи мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон

Пирамарди 109 солаи мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин бемори 109 сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

То  рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.