Июл 21, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Сарвазири Ироқ вориди Теҳрон шуд

Сарвазири Ироқ ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Эрон, дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Хуросони Разавӣ, Мустафо Ал-Козимӣ сарвазири Ироқ имрӯз сешанбе пас аз фуруд ба фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон аз сӯи Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон мавриди истиқбол қарор гирифт. 

Қарор аст, пас аз маросими расмии нахуст вазири Ироқ тавассути Ҳасан Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон билофосила ҳайатҳои расмии ду кишвар музокироти ду ҷонибаро оғоз кунанд. 

Пас аз музокироти ду ҷониба ҳайатҳои Эрон ва Ироқ ва нишасти хусусии Ал-Козимий бо Руҳонӣ, музокироти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар бо ҳузури Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ муовини авали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад. 

Сарвазири Ироқ дар сафари ду рӯзаи худ ба Эрон ҳамчунин ба дидори раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хоҳад рафт ва бо раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон низ дидор ва гуфтугӯ мекунад. 

Сарвазири Ироқро дар сафари Теҳрон, вазирони умури хориҷа, нефт, барқ, дороӣ, дифоъ, беҳдошт ва мушовири амнияти миллии Ироқ ҳамроҳӣ мекунанд.