229 мавриди ҷадиди фавт бар асари Ковид-19 дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55655-229_мавриди_ҷадиди_фавт_бар_асари_Ковид_19_дар_Эрон
Сухангӯи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон 229 мавриди фавт бар асари бемории Ковид-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 21, 2020 11:54 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон 229 мавриди фавт бар асари бемории Ковид-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лори имрӯз дар бораи охирин омори беморони Ковид-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: 2 ҳазору 625 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта шиносоӣ шудаанд ва то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , 278 ҳазору 827 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд. 

Лори ҳамчунин бо ишора ба фавти 229 нафар дар 24 соати гузашта афзуд: теъдоди қурбониёни Ковид-19 дар Эрон ба 14 ҳазору 634 нафар расидааст. 

Ба гуфтаи вай  то кунун 242 ҳазору 351 нафар мубталоён беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд. 

Теъдоди афроди мубтало ба Ковид-19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 14 миллиону 880 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 613 ҳазор нафар ҷони худро аз дода ва ҳудуди 8 миллион 935 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.