Июл 21, 2020 17:49 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Русия сафар кардааст дар Маскав гуфт Эрон моил аст дар сурати тавофуқи Русия қарордоди ҳамкории 20 соларо тамдид кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , Муҳаммадҷаводи Зариф, ки имрӯз  сешанбе ба манзури дидор ва гуфтгӯ бо Сергей Лавров  ҳамтои  руси худ ва тақдими паёми Ҳасани Рӯҳонӣ ба Владимир  Путин  вориди Маскав шуд , ба хабарнигорон гуфт : равобити дуҷониба , масоили минтақа ва тавофуқи ҳастаӣ, аз ҷумла мавориде аст, ки дар ин сафар дар бораи он гуфтгӯ мешавад .

Зариф  афзуд : равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия роҳбурдӣ аст ва дар шароити кунунӣ, ки таҳаввулоти умдае дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳоли вуқуъ аст , ниёз аст ин гуфтгӯҳо ба сурати мураттаб  байни Эрону давлати Русия ва дигари давлатҳои дӯст  монанди Чин сурат бигирад .
 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар посух ба ин савол, ки оё Эрон  барномае барои тамдиди тавофуқи 20 сола бо Русия дорад ё на , гуфт : ҳатман тамдиди қарордод дар дастури кори мо аст ва агар дӯстони рус омода бошанд то қарордоди баландмуддати дайгарӣ дошта бошем , ин мавзӯ низ қобили баррасӣ аст .
 Ин сиюмин сафари Зариф ба Русия аз оғози пазируфтани масъуляти Вазорати умури хориҷа Эрон аст .

Барчасп