Раҳбари муаззами инқилоб: Рафтори давлати нажодпарасти Амрикоро маҳкум ва аз ҳаракати мардум ҳимоят мекунем
(last modified 2020-07-29T11:09:10+00:00 )
Июл 29, 2020 16:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Рафтори давлати нажодпарасти Амрикоро маҳкум ва аз ҳаракати мардум ҳимоят мекунем

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: Дар қазоёи кунунии Амрико ва ҳаракати зидди табъизи нижодӣ дар он, мавзеи қотеи мо ҷонибдорӣ аз мардум ва маҳкум кардани рафтори қасоватомези давлати нажодпарасти он кишвар аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба муносибати айёми ҳаҷ гуфтанд: Нигоҳе ба хиёбонҳои Амрико ба рафтори давлатмардони Амрико бо мардуми худ, ба дараи амиқи фосилаи табақотӣ дар он кишвар, ба ҳақорат ва балоҳати касоне, ки барои мудирияти он кишвар интихоб шудаанд, ба табъизи нажодии ҳавлнок дар он, ба қасовати маъмури муваззафи он ки як ғайримуҷримро дар хиёбон бо хунсардӣ ва дар баробари чашми раҳгузарон бо шиканҷа ба қатл мерасонад, умқи буҳрони ахлоқӣ ва иҷтимоии тамаддуни ғарбӣ ва бутлони фалсафаи сиёсӣ ва иқтисодии онро ошкор мекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Рафтори Амрико бо миллатҳои заиф нусхаи бузургшудаи рафтори он полис аст, ки зонуи худро бар гардани як сиёҳпӯсти бедифоъ гузошт ва он қадр фишурд то ҷон дод.

Эшон бо баёни ин ки ҳаҷ - размоиши қудрат дар баробари мустакбироне аст, ки конуни фасоду зулм ва заифкушиву ғоратгарианд ва имрӯз ҷисму ҷони уммати исломӣ аз ситамгарӣ ва хабосати онон озурда ва хунолуд аст, таъкид карданд: Ҳузури Амрико дар Ғарби Осиёро ба зиёни миллатҳои ин минтақа ва муҷиби ноамнӣ ва вайрониву ақибмондагии кишварҳо медонем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ваҳдати уммати исломӣ дар баробари Амрикои мутаҷовиз ва режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин лузуми эҳтимом ба “кумак ба Фаластини мазлум, дилсӯзӣ барои пайкари маҷрӯҳи Яман ва дағдағаи мусулмонони зери ситам дар ҳар нуқтаи ҷаҳон”, сарони бархе кишварҳои исломиро, ки ба ҷойи такя ба бародари мусулмони худ, ба оғӯши душман паноҳ мебаранд ва барои суди шахсии чандрӯза, таҳқир ва зӯргӯии душманро таҳаммул мекунанд ва чӯби ҳароҷ ба иззату истиқлоли миллати худ мезананд, ба парҳез аз ин рафтори зиллатбор насиҳат карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои Эрони исломӣ хотирнишон карданд, бузургтарин шайтони роҳзан ва ғаддори ин замон, яъне режими Амрико натавонистааст моро битарсонад ё мағлуби макру фиреби худ кунад, ё роҳи пешрафти моддӣ ва маънавии моро бигирад.