Июл 31, 2020 14:42 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Таҳримҳои Амрико алайҳи миллати Эрон ҷиноят аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҳримҳои Амрикоро ҷиноят алайҳи миллати Эрон хонданд ва роҳи мубориза бо онро такя бар тавоноии миллӣ донистанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа, ҳамзамон бо иди саиди Қурбон дар суханронии телевизионии худ гуфтанд: Таҳримҳои Амрико дар зоҳир зидди низоми ҷумҳурии исломӣ аст, аммо дар ҳақиқат ҷинояти бузурге аст, ки алайҳи як миллат ба кор гирифта шудааст.

Раҳбари инқилоби исломӣ аҳдофи душман аз таҳримҳои зиддиэрониро шомили аҳдофи кӯтоҳмуддат, миёнамуддат, баландмуддат ва низ ҳадафи ҷонибӣ донистанд ва гуфтанд: Ҳадафи кӯтоҳмуддат ба сутӯҳ овардани миллати Эрон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Ҳадафи миёнамуддат, ҷилавгирӣ аз пешрафти илмии Эрон аст ва ҳадафи баландмуддат ба варшикастагӣ кашондани давлат ва кишвар ва фурӯпошии иқтисоди Эрон аст.

Эшон ёдовар шуданд: Ҳадафи ҷонибии онҳо қатъи робитаи Эрон бо дастгоҳҳои минтақа аст, он чӣ душмани хабис бо таҳримҳо мехост, нашуда ва нахоҳад шуд, ки худашон ҳам эътироф кардаанд.

Раҳбари муаззами инқилоб афзуданд: “Ба мувозоти таҳрим, ҷараёни таҳрифи ҳақоиқ ва вожгун нишон додани воқеиёт ҳам вуҷуд дорад. Агар ҷараёни таҳриф шикаст бихурад, таҳрим низ шикаст мехурад, зеро ҷанг, ҷанги иродаҳо аст”.

Раҳбари инқилоб асари таҳримро қобили илоҷ донистанд ва гуфтанд: Илоҷи таҳрим ин нест, ки мо дар муқобили Амрико ақибнишинӣ кунем, балки фақат ва фақат такя бар тавоноии миллӣ аст.

Эшон ҳамчунин бо ишора ба наҳзати хидматрасонӣ дар ҳамагирии корона гуфтанд: “Суроғ надорам ва гузорише надидаам аз ин ки дар ҷое аз дунё мисли Эрон ин ҳама таҳарруки мардумӣ ва пуштибониҳои мардумӣ вуҷуд дошта бошад ва ин аз хусусиёти миллати мо аст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки пуштибониҳо бояд идома дошта бошад, афзуданд: Иддае ба таври ҷиддӣ дар бемории корона осеб диданд. Лекин ҳамаи мардум мисли бори қабл, ки дар кумаки муъминона ворид шуданд, ин бор ҳам бояд иқдом кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин аз талошҳои муҷоҳидони саломат ва хидмат ва ба вижа кадри дармони Эрон дар мубориза бо ҳамагирии вируси корона қадрдонӣ карданд ва ёдовар шуданд: Маҷмӯаҳои дармонӣ дар сафи аввали мубориза буданд ва фидокорӣ карданд ва забон қосир аз баёни ин фидокорӣ аст.

 

Барчасп