Август 02, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Пушти пардаи иддаои таҷаммуъи ҳаводорони Толибон дар Теҳрон

Раиси полиси амнияти умумии Теҳрони бузург аз дастгирии омилони тавлид ва интишори тасовире, ки иддао мешуд марбут ба таҷаммуъи Толибон дар Теҳрон аст хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Алии Зулқадрӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИСНА дар вокуниш ба интишори тасовире, ки нишон медод чанд нафар дар Парки миллати Теҳрон парчами Толибонро дар даст гирифтаанд гуфт: Рӯзи ҷумъа дар паи интишори тасовире дар фазои маҷозӣ, ки дар он чанд нафар иқдом ба истифода аз парчами як гуруҳаки террористӣ карда буданд, расидагӣ ба мавзуъ дар дастури кори вижаи маъмурони полиси амният қарор гирифт ва дар паи он авомили ин иқдом шиносоӣ шуданд.

Ба гуфтаи раиси полиси амнияти умумии Теҳрони бузург афроди боздоштшуда барои таи марҳилаҳои қонунӣ ва таҳқиқоти такмилӣ таҳвили марҷаъи қазоӣ дода шуданд.

Сардор Зулқадрӣ гуфт: Ин афрод ҳеҷ иртиботе бо гуруҳаки террористии мазкур надоштанд.

Рӯзи ҷумъа BBC-и форсӣ тасовиреро ба нақл аз саҳифаи Фейсбуки як фаъоли расонаии афғонистонӣ дар Твиттер мунташир кард, ки дар тавзеҳоти он иддао шуда буд марбут ба гирдиҳамоии теъдоде аз аъзои гуруҳаки террористии Толибон дар Парки миллати Теҳрон аст.

 

Барчасп