Август 05, 2020 16:45 Asia/Dushanbe

Дар панҷуми августи соли 2008 пешниҳодӣ аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрони мабнӣ бар таъини рӯзе намодин ба унвони "Рӯзи ҳуқуқи башари исломӣ ва каромати инсонӣ" ба Конфронси исломӣ ироа шуд, ки мавриди истиқбол ва тасвиб қарор гирифт.

Ин рӯз ёдовари тасвиби эъломияи ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом дар Созмони Ҳамкории Исломӣ дар панҷуми августи соли 1990 аст.

Кишварҳои исломӣ дар он рӯз барои нахустин бори тавонистанд дар қолаби як санади мушобеҳ, осноди ҳуқуқии байналмилалии муосир, дидгоҳҳои исломӣ дар заминаи ҳуқуқи инсонҳо ва тааҳҳудоти давлатҳои исломӣ дар ин хусӯсро бо моҳияти ҳуқуқӣ як баёния ё эъломия табйин кунанд.

Таҷруба нишон медиҳад ҳуқуқи башарро наметавон якҷониба ба як ҷомеъа таҳмил кард, балки ҳар фарҳанг ва оин бар асоси омӯзаҳо, сохторҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, дину мазҳаб, ҳуқуқи башарро таъриф мекунад. Бадеҳист нигоҳ ба ҳуқуқи башар мебоист ба дӯр аз ҳар гуна мулоҳизоти сиёсӣ ва баёнкунандаи арзишҳои инсонӣ фориғ аз нажодӣ, дину миллият бошад. Дар ҳоли ҳозир мабнои ҳуқуқи башарӣ Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқ башар аст, ки дар даҳуми декабри 1948 ба сӯрати қатъномае дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид. Дар модаи 1 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ба се асли куллӣ ишора шуда, ки зербинои ҳуқуқи башар аст. Ин усул шомили: озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ аст, аммо ҳатто ҳамин усӯл тавассути бониёни эъломия зери по ниҳода мешаванд. Бино ба далоиле, порае аз кишварҳо дар баробари Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, эъломияҳоеро дар пуштибонӣ ва дифо аз ҳуқуқи башар, созгор бо фарҳангу арзишҳои бумии худ содир карданд.

Ончӣ мӯҷиби ҷудоии мафҳумӣ дар мавзӯи ҳуқуқи башар шуда се иллати асосӣ дорад:

Нахуст онкӣ, ҳуқуқи башар бар мабнои дидгоҳи якҷонибаи Ғарб, амалан ба абзори фишор ба дигар кишварҳо табдил шудааст.

Иллати дувум, таърифи яксӯяи мафоҳими ҳуқуқи башарӣ аз ҷониби Ғарб аст, ки ғолибан дорои моҳияти сиёсӣ аст.

Иллати сеюм, тафовутҳои асосӣ байни нигоҳи моддӣ ва нигоҳи арзишӣ ба ҳуқуқи инсон аст. Ба унвони намуна метавон ба бархе аз ҳуқуқи марбут ба ҳаёти башарӣ мисли мамнӯияти истеъморгарӣ ва ҳақи мубориза бо он ё ҳақи муқобила бо таҷовуз ба ҳаёти инсон ва низ ҳақи зиндагӣ дар муҳити поку дур аз мафосиди ахлоқӣ ва доштани амнияти динӣ ишора кард, ки дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар лиҳоз нашудааст. Муттаассифона бисёре аз иттифоқоти ногуворе, ки ҳар рӯз дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бо нақзи ошкори ҳуқуқи инсонҳо такрор мешавад, натиҷа пинҳон шудани аҳдофи сиёсӣ зери ниқоби ҳуқуқи башар аст. Рафтори ғайри инсонии Амрико дар ҷаҳон мисдоқи ин воқеият аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами инқилоб, дар ҳамин хусӯс дар баёноте мегӯянд: « дар дунё давлате вуҷӯд надорад, ки ба андозаи давлати Амрико нақзи ҳуқуқм башар карда бошад. Амрико на ба ҳуқуқи башар эътиқод дорад на ба ҳурмат ва на ба каромати инсон ва на ба раъйи миллатҳо эътиқод дорад. Ҳарчӣ ҳам роҷеъ ба масаълаи озодӣ ва ҳуқуқи башар ва монанди инҳо бар забони Амрико ҷорӣ мешавад, масхара кардани озодӣ ва тамасхури ҳуқуқи башар аст».

Масъалаи  ҳуқуқи башар дар воқеъ таҳти таъсири нигоҳи дугонаи Ғарб, гирифтори сиёсатзадагии амиқ шуда ва бархӯрдҳои сиёсӣ сабаб дур шудани ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҳимояти воқеӣ аз ҳуқуқи башар шудааст. Ин раванд бар хилофи интизороти ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи башар аст.

"Рӯзи ҳуқуқи башари исломӣ ва каромати инсонӣ", фурсате барои нигоҳи нав ба ҳуқуқи башар бар мабнои арзишҳои инсонӣ ва фосила гирифтан аз бархурди мунфаилона бо дугонагиҳои Ғарб дар ҳуқуқи башар аст.

 

Барчасп