Ҳудуди 60 дар сади мубталоён ба корона алоими гуворишӣ доранд
Як бемориҳои уфунӣ дар Эрон гуфт: бо ҷаҳиши вируси корона дар фасли гармо ҳудуди 60 дар сади мубталоён ба ин беморӣ алоими гуворишӣ доранд ва мумкин аст бо шуруи фасли поиз ин вирус бо аломатҳои дигаре заҳир шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, доктор Содиқ Разавӣ афзуд: дарди шикам, таҳаввуъ, исҳол аз алоими аслии гуворишӣ аст, ҳар чанд стресс ва изтироб низ метавонад боиси эҷоди бархе аз ин алоим бошад, зеро тарс аз ибтило ба корона ва вуҷуди бемориҳои заминаии хомӯш ҳамчун синдроми таҳрикпазир мумкин аст сабаби шӯълавар шудани ин нишонаҳои гуворишӣ шавад.
Вай гуфт: мушкилоти гуворишӣ ҳамчунин метавонад ношӣ аз таҳрикӣ меъда ва рӯдаҳо бар асари уфунати риявӣ ба унвони аввалин нишонаи бемории корона худнамоӣ кунад, бо ин ҳол исҳол, таҳаввуъ ё истифроғ ба ин маъно нест, ки фард ҳатман мубтало ба корона аст, аммо барои эҳтиёт бештар бояд бо доштани ин алоим афрод дар хона бимонанд ва ҷуз барои визити пизишкӣ ё озмоиш аз манзил хориҷ нашванд.
Ин пизишки эронӣ афзуд: дар сурати вуҷуди алоими гуворишӣ дастҳои худро мураттаб бо об ва собун ба муддати ҳадди ақал 20 сония бишӯед.
Разавӣ идома дод: сутуҳро мураттаб тамиз ва зидди уфунӣ кунед, аз ҷумла гӯшии телефон ва сервиси беҳдоштии хона, ки ба таври муштарак тавассути соири аъзои хонавода истифода мешавад.