Август 12, 2020 16:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши себаробарии сармоягузории хориҷӣ дар Эрон

Мудири кулли дафтари сармоягузории хориҷии Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодиву фаннии Эрон гуфт, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар Эрон бо вуҷуди шадидтарин таҳримҳо, дар 4 моҳи гузашта нисбат ба муддати мушобеҳи порсол се баробар шудааст.

Абулфазли Кудеӣ, мудири кулли дафтари сармоягузории хориҷии Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодиву фаннии Эрон рӯзи чаҳоршанбе афзуд, дар охирин нишасти ҳайати сармоягузории хориҷии Эрон, барои 45 тарҳи сармоягузорӣ муҷаввиз содир шудааст.

Кудеӣ бо баёни ин ки сармоягузории ин тарҳҳо ба арзиши як миллиарду 600 миллион доллар аз кишварҳои мухталифи дунёст, афзуд: ин тарҳҳо дар густараи ҷуғрофиёии 12 устон дар Эрон иҷро мешавад.

Вай таъсири сармоя гузории хориҷии анҷомшуда дар иқтисоди ин кишварро қобили мулоҳиза донист ва гуфт, фароянди сармоягузории хориҷӣ дар Эрон осон шудааст.

 

Барчасп