Август 15, 2020 09:42 Asia/Dushanbe
  • Зариф дар Бейрут: Таъкид бар омодагии Теҳрон барои кӯмак ба Лубнон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Бейрут сафар кардааст, рӯзи ҷумъа дар дидор бо Мишел Аун, раисиҷумҳури Лубнон дар Бейрут, бо эъломи маротиби ҳамдардӣ ва ҳамбастагии раисиҷумҳурӣ ва мардуми Эрон ба раисиҷумҳурӣ ва мардуми Лубнон таъкид кард, Эрон омодаи тадовуми кӯмакҳо ба Лубнон аст.

Чаҳоруми август дар пайи вуқӯи оташсӯзии густурда дар яке аз анборҳои маводи оташзо дар бандари Бейрут, инфиҷори ваҳшатноке дар анборҳои канории онки дорои 2 ҳазору 700 тонна нитрат аммоний буд, рух дод.

Бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Лубнон, токунун бар асари ин инфиҷор 177 нафар кушта ва ҳудуди шашҳазор нафар захмӣ шуданд.

Иллати ин ҳодиса ҳарчӣ бошад қатъан аз завоёи мухталиф мавриди баррасӣ қарор мегирад, аммо ончӣ акнун ҳоиз аст, кӯмак ба осебдидагон аз ин ҳодиса ва муқобила бо паёмадҳои он аст. Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоте, ки дар як соли гузашта дар Лубнон рух додааст, таҳаррукот барои эҷоди ошӯб дар ин кишвар, тавассути мусалласи ибрӣ, арабӣ ва амрикоӣ дӯр аз зеҳн нест. Дар чунин шароите интизор меравад бо ҳамкории ҳамаи тарафҳои сиёсӣ дар саҳнаи дохилӣ ва инсиҷоми Лубнон, шароити пойдоре дар фазои сиёсии ин кишвар шакл гирад. Аз нигоҳи режими саҳюнистӣ, ҳодисаи инфиҷор дар Бейрут фурсате барои афзоиши фишорҳо барои боҷгирӣ аз Лубнон аст.

Саидризо Садр Ал Ҳусайнӣ, таҳлилгари масоили ғарби Осиё дар ин бора мегӯяд, режими саҳюнистӣ бо таваҷҷуҳ ба шароити дохилӣ, ки беш аз як сол аст бо он даргир аст ва давлати шиканандае, ки дар онҷо вуҷуд дорад, наметавонад бубинад, кишваре чун Лубнон дорои субот аст ва ба ҳамин хотир ба шеваҳои мухталиф талош карда, ки субот ва оромиши Лубнонро барҳам бирезад.

Ин таҳлилгари масоили ғарби Осиё ёдовар мешавад, ки режими саҳюнистӣ ибтидо дар тӯли як соли гузашта аз бистари иқтисодӣ, мавзӯро пайгирӣ мекард ва ба назар мерасад акнун вориди фози ҷадиде ба номи фози эҷоди ноамнӣ шуда, ки битавонад муҷаддадан дар ду ҳавзаи иқтисод ва амният фишори бештареро ба Лубнон биоварад.

Дар ин шароити ҳассос, истифода аз фазои байналмилалӣ дар чорчӯби ҳамгароии эҷодшуда бо Лубнон як зарурат аст.

Ҳамон гуна, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Ҳасон Диёб, нахуствазири давлати пешбурди умури Лубнон низ хотирнишон кард, касоне, ки аз инфиҷори бандари Бейрут сӯиистифода мекунанд, ҳамон касоне ҳастанд, ки хоҳони субот ва ваҳдати Лубнон нестанд.

Аммо миллати Лубнон дар мақотеи ҳассос дар муқобили сахтиҳо истода ва қатъан дар ин бурҳа низ иҷоза нахоҳад дод амният, истиқлол ва ҳокимияти ин кишвар бозичаи дасти душманон шавад ва бо ваҳдат ва ҳамдилӣ, аз буҳрони кунунӣ убур хоҳад кард. Дар шароити кунунӣ муҳиммтарин масъала истимрори кӯмакҳои  байналмилалӣ ба Лубнон аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон билофосила баъд аз ин инфиҷор ва эъломи ниёзи Лубнон ба кӯмакҳои пизишкӣ, дар ин робита иқдом кард ва акнун талоши худро музоаф кардааст.

Сухани вазири умури хориҷаи Эрон дар “Твиттер” таъкид бар ҳамин нуктааст, ки навишт: “акнун замони кӯмак ва тасҳил ва на таҳмил ва дикта кардан аст”.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: "ҳамаи мо дар минтақа дар ин замина ҳамсадо ҳастем, ки амнияти Лубнон амният мост."

 

Барчасп