Cафири Эрон дар Лондон: Англис бояд аз Эрон узрхоҳӣ кунад
(last modified Tue, 18 Aug 2020 11:31:53 GMT )
Август 18, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • Cафири Эрон дар Лондон: Англис бояд аз Эрон узрхоҳӣ кунад

Сафири Эрон дар Лондон дар солрӯзи кудатои 28 мурдод (19 августи 1953), ки таи он сервисҳои иттилоотии Англис ва Амрико нахуствазири қонунии Эронро сарнагун карданд, хостори узрхоҳии Англис аз Эрон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамиди Баидинажодӣ- сафири Эрон дар Лондон рӯзи сешанбе дар ҳисоби Твиттери худ навишт: 67 сол аз кудатои Амрико алайҳи давлати миллии Муҳаммад Мусаддиқ дар Эрон мегузарад ва Англис нақши муассире дар ин кудато ифо кард, ки асноди мутааддиди он ҳам мунташир шудааст.

Баидинажодӣ  дар идома бо ёдоварии ин ки давлати Англис то имрӯз ҳатто аз як узрхоҳии расмии содда аз миллати Эрон низ худдорӣ кардааст, афзуд: Оё ҳануз вақти узрхоҳӣ ва ҷуброни гузашта фаро нарсидааст?

Кудатои амрикоӣ- англисӣ августи 1953, ки ба суқути давлати қонунии вақти Эрон мунҷар шуд бахше аз силсилаи мудохилоти Амрико ва Англис дар Эрон дар даврони пирӯзии наҳзати миллӣ шудани саноати нафт дар Эрон аст.

Пас аз он ки Девони байналмиллалии додгустарӣ дар мавзӯъи қарордодҳои нафтии Англис ва Эрон ба нафъи Эрон овоз дод Англис ва Амрико бо ҳадафи рӯи кор овардани давлате вобаста ба худ дар Эрон, давлати қонунии доктор Муҳаммад Мусаддиқро бо кудато сарнагун карданд.