Август 24, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Барқ барои 30 миллион эронӣ ройгон мешавад

Раиси ҷумҳури Эрон аз ройгон шудани барқ барои 30 миллион нафар аз ҷамъияти кишвараш хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ дар дидор бо раҳбари инқилоби исломӣ, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд гуфт: Бар асоси мусаввабаи ҳайати давлат, барои ҳудуди 30 миллион нафар аз ҷамъияти Эрон, ки мизони масрафи барқи онҳо камтар аз мингини масрафи хонавор дар кишвар аст, машрут ба ин ки ҳамчунон камсарфа боқӣ бимонанд, барқ ройгон хоҳад шуд.

Руҳонӣ афзуд: Шаҳрвандони миёнамасраф низ метавонанд бо кам кардан аз масрафи барқи худ вориди гуруҳи камсарфа шаванд ва аз барқи ройгон бархурдор гарданд.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин дар бораи иқдомоте, ки давлат дар заминаи кумак ба касбу корҳо ва шаҳрвандони осебдида аз корона анҷом додааст ба раҳбари инқилоб гузориш дод.

Вай ҳамчунин аз афзоиши беш аз 50 дарсадии маоши коргарони бознишаста дар Эрон хабар дод.

 

Барчасп