Шумораи ҷонбохтагони корона дар Эрон дар марзи 21 ҳазор нафар
(last modified Tue, 25 Aug 2020 11:58:04 GMT )
Август 25, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Шумораи ҷонбохтагони корона дар Эрон дар марзи 21 ҳазор нафар

Шумораи қурбониёни бемории Ковид-19 дар Эрон ба беш аз 20 ҳазору 900 тан расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Симо Содоти Лорӣ сухангӯии Вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон  рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид- 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта ду ҳазору 213 бемори ҷадиди Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 59 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи онон низ хадамоти лозим ироа шуд .
Сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон афзуд : дар 24 соати гузашта 125 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 20 ҳазору 901 нафар расед .
Ба гуфтаи хонуми Лорӣ токунун шумори беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 363 ҳазору 363 нафар расида аст, ки аз ин теъдод 313 ҳазору 58 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .  
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 23 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти ‌кам 817 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 16 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд .