Робита бо Исроил: Меъёри Амрико барои танзими феҳристи ҳомиёни тероризм
Вазири умури хориҷаи Эрон равобит бо Исроилро меъёри Амрико барои вуруду хуруҷи кишварҳо дар феҳристи ҳомиёни тероризм унвон кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи твиттерии худ бо ишора ба хабари хабаргузории “Ройтерс” дар хусуси сафари ахири Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико ба Судон, бо ин титр ки “нахуствазири Судон мегӯяд, иҷозаву ихтиёри одисозии равобит бо Исроилро надорад”, ба таъна навишт: “Аз Пампео муташаккирем! Ҳоло дигар мо меъёрҳои қарор гирифтани номи кишварҳо дар феҳристи сиёсати ҳомиёни тероризм ё меъёрҳои хориҷ шудани номи онҳо аз ин феҳристро шинохтем: “равобит бо Исроил”, ки таҳдиди ҳастаии шумораи яки ҷаҳон, ноқизи ҳуқуқи башар ва ишғолгари ғайриқонунӣ асту моҳияте террористӣ дорад”.
Зариф дар идома навишт: “Ҷаҳон чӣ гуна метавонад ҳанӯз ҳам сиёсати хориҷии Амрикоро ҷиддӣ бигирад?”
Пампео бо ҳадафи розӣ кардани давлати интиқолии Судон барои одисозии равобит бо Исроил, рӯзи гузашта (сешанбе) ба Хартум сафар кард.
Абдуллоҳ Ҳамдук, нахуствазири Судон баъд аз дидор бо Пампео эълом кард, дар ин дидор ҳазфи номи Судон аз феҳристи кишварҳои ҳомии тероризм баррасӣ шуд.
Ҳамдук ҳамчунин ба Пампео гуфт, давлати интиқолии Судон иҷозаву ихтиёри одисозии равобити кишвар бо Исроилро надорад ва Амрико набояд ин мавзӯро ба баҳси хуруҷи Судон аз феҳристи кишварҳои ҳомии тероризм гиреҳ бизанад.