Сентябр 08, 2020 22:34 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ ва Эрдуғон:  тавофуқ бо режими саҳюнистӣ хиёнат аст

Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Туркия дар шашумин нишасти шӯрои олии равобити роҳбурдии ду кишвар , тавофуқи бархе кишварҳои минтақаро бо режими саҳюнистӣ хиёнат ба ҷаҳони ислом донистанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна , Ҳасан Руҳон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар шашумин ҷаласаи шӯрои олии ҳамкориҳои роҳбурдии Эрону Туркия, ки ба сурати видео- конфронс баргузор шуд , мавзӯи Фаластинро аз ҷумлаи масоили муҳимми минтақаӣ унвон карду гуфт : тавофуқи хиёнатбори кишвари Иморот бо режими саҳюнистӣ таҳдиде барои амнияти минтақа ва латма ба ҷаҳони ислом ва ормони Фаластин аст .
Руҳонӣ дар бахши дигаре аз суханони худ хостори шитоб гирифтани иҷроии тавофуқоти ду кишвари Эрону Туркия дар заминаи энержӣ , петрошимӣ , ҳамлу нақлу сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои гардишгарӣ ва нафту газ шуд .
Раҷаби Тайиб Эрдуғон низ дар ин нишаст бо ишора ба тавофуқи бархе кишварҳои минтақа бо режими ишғолгари Қудс , гуфт : ин тавофуқот , хиёнати ошкор ба ҷаҳони ислом аст ва қатъан хилофи масолеҳи миллатҳои мусулмон аст .
 Эрдуғон низ бар зарурати тавсеъаи равобити ҳамаҷонибаи Анкара ва Теҳрон таъкӣд карду гуфт : Туркия ҳамвора омодаи сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумлаи энержӣ , ҳамлу нақл ва гардишгарӣ дар Эрон аст .

Барчасп