Сентябр 10, 2020 11:06 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди вазири умури хориҷаи Эрон аз риёкории Амрико

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз мубодилоти низомии чандсад миллиард долларии Амрико ва ҳамзамон манъи Эрон аз хариди таҷҳизоти дифоъӣ ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф субҳи панҷшанбе дар тветте бо ишора ба гузориши расонаҳои амрикоӣ дар бораи проекти махфии чандин миллиард долларии Амрико барои сохти мушакҳои атомии қорапаймои тоза, навишт: «Иёлоти Муттаҳида исрор дорад, ки Эрон набояд, аз энергии сулҳомези ҳастаӣ баҳраманд бошад, ҳар гуна таҷҳизоти дифоъӣ харидори кунад, мушакҳои дифоъӣ бисозад.»

  Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд:« Дар айни ҳол Иёлоти Муттаҳида 100 миллиард доллар барои сохти мушакҳои баллистикии қорапаймои атомии ҷадид сарф мекунад, бомбаҳои атомии насли нав месозад ва беш аз 380 миллиард доллар ҷангафзор ба сӯи муштариёни минтақаии худ сарозер мекунад. Ин ҳаҷм аз риёкорӣ "нафасгир" аст.»

  Изҳороти Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо Боб Вудворд-рӯзноманигори амрикоӣ дар бораи «як сомонаи махфии силоҳҳои нав» низ дар ин паём замима шудааст.

Вудворд дар китоби ҷадиди худ бо унвони «Хашм» , ки қарор аст ҳафтаи оянда мунташир шавад, навиштааст, ки Трамп дар яке аз мусоҳибаҳҳояш ба вай гуфта буд: «Ман як силоҳи ҳастаӣ сохтаам, як системаи таслиҳотӣ, ки ҳеҷ касе то пеш аз ин дар ин кишвар онро надоштааст.»

  Вудворд навишта, ки дигар манбаъҳое, ки бо онҳо мусоҳиба кардааст, иттилооти марбут ба ин силоҳро тасдиқ кардаанд, аммо аз инки Трамп чунин иттилоотеро ба вай дода буд, шигифтзада шуда буданд.

 

Барчасп