Октябр 10, 2016 13:36 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Қудрати Осиё дар гарави худбоварӣ ва ҳамгароӣ аст

Раисҷумҳури исломии Эрон, қудратмандтар шудани Осиёро дар гарави худбоварӣ ва иродаи муштарак барои ҳамгароӣ донист.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар дуввумин Иҷлоси Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкориҳои Осия дар Банкок таъкид кард: Кишварҳои осиёӣ бояд бо гушудани бозорҳо, таомули иқтисодӣ, ислоҳи сохторҳои дохилӣ, шаффофсозӣ ва ҳамоҳангиҳои густарда дар ҳавзаҳои сиёсатгузорӣ, гомҳои баланде дар роҳи афзоиши кайфияти зиндагии мардуми худ ва иртиқои ҷойгоҳи Осиё дар таомулоти ҷаҳонӣ бардоранд.

Рӯҳонӣ гуфт: Имрӯз ҳамагон изъон доранд, ки ҳеч мавзуи байналмилалӣ, бидуни ҳузур ва ҳамкории танготанги қудратҳои осиёӣ қобили ҳал нест.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо даъват ва истиқбол аз ҳузури сармоягузорони осиёӣ дар Эрон гуфт: Теҳрон бадунболи нақше фаъолтар дар шабакаи ҳамлу нақли Осиё-Аврупо аст .

Рӯҳонӣ ҳамчунин мудохилаи ғайриқонунии қудратҳоро сабаби тадовуми хушунатҳо ва бераҳмиҳо дониста ва тасреҳ кардааст: Ҷумҳурии исломии Эрон бо дарки амиқ аз аҳаммияти амният ва суботи Осиё бар ин бовар аст, ки чолишбарангезтарин буҳрон, ифротгарӣ ва хушунатест, ки сар то сари қорраи Осиё аз Токио то Деҳлӣ ва аз Бағдод ва Димишқ то Истанбулро дарнавардидааст.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон афзуд: Эрон ҳамчун садде устувор, дар муқобили нуфуз ва густариши ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа истодааст .

Дуввумин Иҷлоси Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкориҳои Осиё дар Банкоки Тайланд бо ҳузури сарон ва мақомҳои аршади 34 кишвари осиёӣ баргузор шуд .