Сентябр 19, 2020 09:18 Asia/Dushanbe

Рақобатҳои Лигаи футболи қаҳрамонони Осиё дишаб бо як пирӯзӣ ва як бохти тимҳои эронӣ дар муқобили намояндагони Арабистон пайгирӣ шуд.

Дар идомаи ҳафтаи чаҳоруми Лигаи қаҳрамонони Осиё намояндагони Эрон шаби гузашта муқобили тимҳои арабистонӣ қарор гирифтанд.

Дар гурӯҳи “D” “Персеполис” дар масофи “Ал Таъовун”-и Арабистон муваффақ шуд бо голи ягонаи Башор Расан, ки дар дақиқаи 48 аз рӯйи нуқтаи пеналтӣ ба самар расид, намояндаи Арабистонро як бар сифр шикаст диҳад ва бо 7 имтиёз дар садри ҷадвали ин гурӯҳ қарор гирифт.

Дар гурӯҳи “D” тими Сипоҳон ва Ан Насраи Арабистон низ бозии баргашти худро баргузор карданд, ки дар ниҳоят ин тими муқобили ҳарифи арабистонӣ бо натиҷаи 2 - сифр мағлуб шуд то бо 3 имтиёз ва ҳузур дар рутбаи сеюми ҷадвал, шонси суудаш ба марҳалаи баъд ба ҳаддиақали мумкин бирасад.

 

Барчасп